Потребителски вход

Запомни ме | Регистрация
Моят блог в Blog.bg
Автор: nabziruz Категория: Политика
Прочетен: 3413 Постинги: 1 Коментари: 0
Постинги в блога

image
Чандест мехоҳам дар ин бора чизе нависам ё дар ҷое бигуям. Навиштаи Раҷаби Мирзо дар бораи Бег Сабур кинотеатри Комсомол ва боғи Кӯлобро хондаму аламам тоза шуд.
Агарчӣ дар он кинотеатр чандин бор филм тамошо кардааму хотираҳои ширини зиёде дорам. Дар боғи шаҳри Кӯлоб ҳам хотироти ширини кудакиам нуҳуфтааст. Аммо мехоҳам дар бораи як мусибати дигар бигуям.
Моҳи марти соли 2015 буд. Дар Кӯлоб ба хонаи яке аз дӯстонам дар кучаи Лоҳутӣ рафтам. Дар паси хонаи онҳо чанд ҷавонро дидам, ки бо ҳолати нороҳат нишаста буданд, Пурсидам инҳо кистанд? Дӯстам бо нороҳатӣ ҷавоб дод, ки инҳо муътоданд. Ин хонаи ҳамсоя героин мефурушад ва инҳо аз суаҳар то бегоҳ пушти дараш мешинанду зора мекунанд, ба онҳо каме героин диҳад, зеро пул надоранд.
Пурсидам магар инҳоро милиса чизе намегуяд?
Бо нороҳатӣ гуфт агар ҳамон милиса биёяд ҳамаи ин ҳамсояҳо шоҳиди медиҳанду мехоҳанд инро дафъ кунанд, вале худи милисаҳо ҳам дар ин кор даст доранд. Ӯ гуфт танҳо дар ҳамин кучаи мо 5 хона героин мефурушад.
Хеле нороҳату зиқ шудам. Бо ҷамъе аз дӯстонам дар якҷо нишастему ин мавзуъро матраҳ кардам. Тақрибан ҳама аз ин падида медонистанду шикоят мекарданд. Ҳатто як нафар гӯфт дар кучаи Ҳувайдуллоев ҳисоб кардем аз ҳамсояҳои медонистаамон қариб 40 нафар талабаи мактаб аллакай "герчик" шудаанд. Шахсе ба номи Зардӣ Ҳасан дар ин куча героин мефурухт, ки ҳама ӯро медонистанд. Худаш чанде пеш мурдааст, аммо фарзандонаш ҳоло ҳам корашро идома медиҳанд. Ӯ ҳам гӯфт дар ин куча ҳам дар чандин хона героин мефурушанд.
Аз ҳама аламовараш он буд, ки ҳама мегуянд героинфурушон бо милиса ҳамкоранд.
Ҳоло саволи ман ин аст, ки кӣ мехоҳад ҷавонони Кулобро муътод кунад?
Чаро мехоҳанд ҷавонони ғаюри Кулоб аз ақлу ҳуш бегона гарданд?
Дилам ба ҳоли мардуми Кулобам месузад. Афсус, ки касе ё касоне ба дунболи залилу бечора кардани ин мардуманд.
Магар бо сохтани дарвозаву ҳайкалу парчам мехоҳед чиро исбот кунед?
Магар Равшани Кулобро кӣ ба варшикастагӣ расонд?
Сармоягузораш Кабудро кӣ ва барои чӣ зиндонӣ кард?
Чаро?
Барои чӣ?
То кай?
Категория: Политика
Прочетен: 125 Коментари: 0 Гласове: 0
Търсене

Архив
Календар
«  Март, 2024  
ПВСЧПСН
123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031